On the beautiful expanse of this original homeland, the
beautiful city of Dushanbe The skirt is wide: a young and
Aryan capital with an elegant population fun and
exciting.
Dushanbe is a city that can describe it`s beauty and
expansive gardens, where amid lush greenery you can hear the
delightful singing of birds, like the autumn partridge,
which brings freshness to the air and fills the heart of the
city with the harmony of its graceful melodies and sunsets.
Feathered birds, resembling a rainbow on the treetops,
enliven and give vibrant colors to the trees. This
enchanting image continues to live in old verses, expressing
itself through blossoming branches. (Partridge, a bird of
black color, symbolizes melodiousness).
Bird Mino, it's a beautiful bird of our Asian region. Due to
the distinctive colorful features of the Mino bird in this
land, Tajikistan can be called the Mino country.
For a long time, this bird has settled in people's lives
until now, to the point where communication with them has
become domesticated and hand-learned, because the brave and
alert Mino often warned people about the place where the
snake lives.
In the legends of ancient Iran, the snake was always
considered a symbol of evil and darkness, and it was buried
in the sanctuary of demons. The struggle between good and
evil, light and darkness, and the two poles of Ahura and
Ahriman is one of the original contents of Firdawsi's
Shahnama, which is rooted in the mythical beliefs of the
inhabitants of Iran.
The story of the encounter between the mino and the snake
seems to lead a thought to the mystical world of this role.
As in a dream, the mine born of light drives away the black
snake from people's dwellings and frees the bed of human
life from filth.br />
Бояд зикр намуд, ки аз замонҳои қадим кишоварзон барои
мубориза бо офатҳо, ба кумаки миноҳои тезбин такя
мекардаанд, ба дараҷае ки парвариш ва афзоиши он ба дигар
қитъа ва қораҳо паҳн шуда, дар Австралия миноро парандаи
маҳбуб шумурдаанд.
Акнун миност, ки бо парвози устувор ва муқаррарии хеш “рӯъё,
орзуи парвози одамиро” бедор карда, бо ҳамон чобукӣ ва
тезандешӣ, нақши пурарзиши “посбонӣ” аз доштаҳои инсониро
ифо мекунад.
Пайванди Душанбеи арҷманд ва минои қавипарвози он, нуқтаи
оғози ин достони арзандаи “Флай Душанбе” аст. Мурғи мино,
парвоз бар фарози ҷаҳонро оғоз кардааст...
Сарзамини ориётабори Тоҷикистон бо қобилиятҳои нуҳуфта ва
ошкори фаровон, дар арсаи робитаҳои байналмилалӣ, густариши
тиҷорати ҷаҳонӣ, тарақиёти ва муаррифии саноати маҳалӣ ва
ғайра имконоти кофӣ дорад.
“Флай Душанбе” мекушад, ки бо беҳбуди ҳарчи бештари шароити
мавҷуд, василаи тарғиби бозаргонон ва ширкатҳои муътабари
ҷаҳон ба сармоягузорӣ ва таомули рӯзафзун бо кишвари
Тоҷикистон гардад. Бешак, дар ояндаи наздик шоҳиди шинохти
ҳарчӣ бештари қобилиятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва тиҷоратии ин
диёри асил ба ҷаҳониён хоҳем шуд.
“Флай Душанбе” бо андешаи амалишавии орзуи парвоз барои
ҷавонон дар Тоҷикистон маркази омӯзиши
ҳавонавардӣ(авиатсионӣ)-ро таъсис карда, дар ростои рушди ин
соҳа дар Осиёи Марказӣ гоми муҳиме бардоштанист.
“Флай Душанбе” ба мақсади тақвияти ҷойгоҳи байналамилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи боркашонии ҳавоӣ дар пайи эҷоди заминаҳо барои таъмини ниёзҳои логистикӣ мебошад. Мо зимни хидматрасонӣ ва пешниҳоди барномаи мушаххас дар ин соҳа, боркашонии миллӣ ва байналамилалиро густариш медиҳем. Ҳамчунин бо роҳандозии бахшҳои мухталифи омӯзишӣ, дар ростои рушди ҳавонавардӣ дар Тоҷикистон барои омода кардани кадрҳои ҷавон кумак мерасонем.
Қобили зикр аст, ки “Флай Душанбе” ба унвони як бренди пешрафта, бо саъю талош дар тамоми бахшҳои фаъолияти худ, арзиш ва ҳисси ризоятмандиро ба муштарёни худ ироа карда, дар чорчӯби эҳтиром ба ҳуқуқи шарикони тиҷоратӣ, барои саҳомдорони худ фоидаи молии муносиби дарозмуддатро таъмин менамояд.
Бренди “Флай Душанбе” ҷиҳати амали шудани ҳадафҳои ширкат, рисолати худро чунин муайян намудааст :
• таъмин ниёзҳои логистикӣ дар сатҳи миллӣ ва байналамилалӣ (ҳамлу нақли(боркашонии) осон, қобили эътимод, саривақтӣ )
• омӯзиши ҳавонавардӣ(авиатсионӣ) ба ҷавонон ва алоқамандон дар иртибот ба рушди соҳаи ҳавонавардӣ(авиатсия) дар Тоҷикистон
• муносибати инфиродии кормандони ширкат бо муштариён, эҷоди эҳсоси ризоят ва хотири ором дар онҳо
• эҷоди хизматрасонӣ ва робитаи онлайнӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муштариён
• такя ба ҷавонон дар тамоми бахшҳои бренди “Флай Душанбе”
• эҷоди фарҳанги коллективӣ (кори гурӯҳӣ, муайян шудани муносибат байни кормандон, таҳамулпазирӣ, эҷоди ҳисси таалуқ доштан ба ширкат ва ғайра... )
• тамаркуз ба омӯзиш ва тавсеаи фардии кормандон барои рушди ширкат
• эҷоди василаҳои нави афзоиш ва созандаи фаъолияти ширкат бо саҳомдорон
• зарфиятсозӣ ва бозорёбӣ дар боркашонии ҳавоӣ, омӯзиши неруи инсонӣ ва парвозҳои тафреҳӣ(фароғатӣ)
Баёнияи дурнамои ширкати “Флай Душанбе” дар шарҳи зерин пешниҳод мегардад: "Флай Душанбе, бояд бренди намунавӣ дар сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ бошад, ки ин сиёсат тақвияти ҷойгоҳи соҳаи ҳамлу нақли(боркашонии) ҳавоӣ дар Тоҷикистонро инкишоф хоҳад дод. Барои дастёбӣ ба ин дурнамо амалисозии иқдомоти стратегии зерин зарурӣ аст :
• густариши фаъолиятҳои логистикӣ дар саросари ҷаҳон (афзоиши масирҳои парвоз, зиёд кардани парки ҳавопаймоҳо)
• фарогирии тамоми бахшҳои омӯзиши ҳавонавардӣ ва дастёбӣ ба унвони мӯътабартарин маркази таълимии ҳавонавардӣ дар Осиёи марказӣ
• эҷоди равандҳои навоварона дар пешниҳоди хизматрасониҳо
• роҳандозии стандартҳои байналамилалӣ дар боркашонии ҳавоӣ
дар Тоҷикистон